Эмомалии Нуралӣ барандаи нишони тиллои Tashkent Grand Slam 2024

Имрӯз дар шаҳри Тошканд мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2024 оғоз шуд. Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо зери вазнҳои -60 кг ва -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг ва -57 кг миёни бонувон сурат гирифт.
Эмомалии Нуралӣ миёни дигар ҷудокорони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқа аз худ дарак дода, ба гирифтани нишони тилло дар вазни то 66 кг даст ёфт.
Дар даври аввал Эмомалӣ озод буд ва дар даври дуюм муқобили Мартин Сетзи олмонӣ пирӯзӣ ба даст овард. Дар даври сеюм Эмомалӣ бар намояндаи Венесуэла - Виллис Гарсиа дастболо гардида, дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили ҷудокори қирғиз Айбек Уулу бо як партофти зебо музаффарият ба даст овард.
Дар даври нимниҳоии мусобиқа Эмомалӣ муқобили Яго Абуладзе (AIN) бо имтиёзи зебои иппон дастболо гардида, ба финал баромад. Эмомалӣ дар финали мусобиқа бар ғолиби мусобиқаҳои «Masters» ва «Grand Slam» - Баруч Шмаилови исроилӣ бо як ҳунару маҳорати воло музаффарият ба даст оварда, нишони заррини мусобиқаро ба гардан овехт.
Қобили зикр аст, ки ин нишони тиллои дуюми Эмомалӣ дар мусобиқаҳои «Тоскулоҳи бузург» дар сарзамини Ӯзбекистон аст.